Дар натиҷаи тӯфони сахти рӯзи 29-уми май дар Маскав, пойтахти Русия, 13 нафар ба ҳалокат расида ва беш аз панҷоҳ тани дигар захмӣ шуданд. Дар шӯъбаи тандурустии пойтахти Русия гуфтанд, ки миёни қурбониён як духтари 11-сола низ ҳаст.
Тӯфон дарахтҳоро аз реша канда, лавҳаҳои эълону боми биноҳоро ба замин андохтааст. Дар вилояти Маскав зиёда аз 7 ҳазор одам бе барқ монданд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия бо вуҷуди онки суръати шамол дар як сония 28 метрро ташкил медод, сокинони Маскавро аз хатари он огаҳ накард. Субҳи душанбе ин ниҳод танҳо хабар дод, ки эҳтимол аст, "ҳодисаи номусоиди табиӣ" рух диҳад.
Яке аз муҳоҷирони тоҷик оқибатҳои тӯфонро сабт карда, ба мо фиристод:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тӯфон дарахтони Маскавро аз реша барканд
Видеои дигар ба забони русӣ дар инҷост: