Дар робита ба ҳамлаи Манчестер 16 нафар боздошт шуд

Пулиси Британия гумонбарони ҳамлаи Манчестерро ҷустуҷӯ мекунад.

Субҳи рӯзи душанбе пулиси Британия нафари 16-умро ба ҳайси гумонбари ҳамлаи рӯзи 22 май ба толори консертии Манчестер боздошт кард. Дар ин амали террористӣ 22 нафар кушта ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ки гумонбари ахирро дар шаҳри Шорем-бай Си бо иттиҳоми нақзи қонуни зидди терроризм боздошт карданд. Ба ин тартиб ҳоло 14 нафар дар боздоштгоҳ буда, пулис ду гумонбарро бидуни эълони иттиҳом озод кард.

Қаблан Марк Роулӣ, раҳбари амалиёти алайҳи терроризм дар Скотленд- ярд гуфт, ки бахши асосии аъзои эҳтимолии шабакаи террористӣ, ки ба ҳамлаи Салмони Обидӣ дар Манчестер рабт доштанд, боздошт шуданд.