Сафири ИМА Элизабет Миллард дар як паёми видеоӣ мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии Рамазон табрик кард. Дар паёме, ки субҳи 26 май дар саҳифаи Фейсбук нашр шуд, Миллард аз номи сафорати ИМА дар Душанбе ба забонҳои тоҷикиву англисӣ «ҳар як нафарро бо расидани моҳи шарифи Рамазон табрик» гуфт. Элизабет Миллард ин навбат ҳам бо куртаи сурхи атласи тоҷикӣ ва даст пеши сина мардумро табрик кард.
Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон ва дигар нуқоти мусалмоннишини ҷаҳон субҳи 27 май шурӯъ шуда то 25 июн идома хоҳад кард. Дар давоми 30 рӯз мусалмонон рукни муҳими ислом – рӯзадориро риоя карда, рӯзона аз истеъмоли ғизову об худдорӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон аксарият мусалмони суннимазҳабанд ва риояи моҳи Рамазонро барои худ шарту зарур мешуморанд.