Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбакистон бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар шаҳри Ишқобод мулоқот кард.
Мулоқот дар доираи шашумин Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Диалог "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" барпо шуд.
Дар ин мулоқот Комилов бо Бердимуҳаммадов масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Миёни ду кишвар созишномаи шарикии стратегӣ имзо шудааст.