Розиқ Зуҳуров, бародари раиси парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бар асари беморӣ даргузаштааст. Наздикони ин хонавода рӯзи 19 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Розиқ Зуҳурови 59-сола аз бемории саратон ранҷ мебурд ва шаби гузашта дар бемористони Қаряи Боло ҷон ба Ҳаққ таслим кард. Маросими ҷанозаи Розиқ Зуҳуров имрӯз, 19 апрел дар ноҳияи Панҷ баргузор мешавад. Ҳудуди як сол қабл Лоиқ Зуҳурови 42-сола -- бародари дигари Шукурҷон Зуҳуров, аз олам даргузашта буд.