Вакилони мудофеъ ва наздикони мухолифини сиёсӣ дар Қирғизистон алайҳи ҳукми додгоҳ дар заминаи иттиҳоми кӯшиши сарнагун кардани ҳукумат эътироз карданд.
Вакилон ва аъзои хонаводаи се чеҳраи мухолифи ҳукумати Қирғизистон рӯзи 18 апрел дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтанд, ки Эрнест Қарибеков, Қубаничбек Қодиров ва Бектур Асанов ҳукмҳои тӯлонии додгоҳро ба чолиш мекашанд. Додгоҳи Бишкек ин сиёсатмадоронро дар кӯшиши ғасби ҳукумат бо роҳи зӯрӣ муҷрим эълон кард. Қарибеков ба мӯҳлати 20 сол, Қодиров ва Асанов 12-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.
Нафари чаҳорум, Достон Саригулов чор сол ҳукми зиндон гирифт, ки се соли он ҳабси шартӣ аст.
Ин сиёсатмадорон моҳи марти соли 2016 дар ҳоле боздошт шуданд, ки сабти садои онҳо бо баҳси роҳҳои сарнагун кардани ҳукумат дар интернет пайдо шуд.
Асанов қабл аз боздошташ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин навор дастхурда буда, ҳамчун кӯшиши боҷхоҳӣ ё "шантажи мухолифин" дар интернет нашр шуд.