Бо анҷоми мӯҳлати сабти номи довталабони курсии раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон бештар аз 1600 нафар дар кумиссиёни интихоботи сабти ном шудаанд. Яке аз онҳое, ки чанд соат қабл аз анҷоми мӯҳлат худро сабти ном кард, Муҳаммад Боқир Қолибоф, шаҳрдори 55-солаи Теҳрон буд.
Вазорати умури дохилии Эрон Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини раиси ҷумҳурро ҳам ба ҳайси довталаби курсии раиси ҷумҳур сабти ном кард. Ӯ яке аз шарикони наздики Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳур ва рӯҳонии мӯътадилест, ки рӯзи 14-уми апрел сабти ном шуд.
Ба гуфтаи коршиносон, Ҷаҳонгирӣ, ки аз ҳалқаи ислоҳталабони Эрон аст, аз сиёсатмадоронест, ки дар сурати рад шудани номзадии Ҳасан Рӯҳонӣ аз тарафи Шӯрои нигаҳбон метавонад, номзади аслии ислоҳталабон шавад.
Шӯрои нигаҳбон умдатан онҳоеро ба интихобот роҳ намедиҳад, ки хатар барои низоми рӯҳониён дар Эрон мешуморад. Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури собиқ аз ҷумлаи онҳое, буд, ки соли 2013 Шӯрои нигаҳбон монеи ширкати ӯ дар интихобот шуд.
Мақомот мегӯянд, дар маҷмӯъ 1636 нафар аз ҷумла 137 зан худро ба ҳайси довталаби ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 19-уми май сабти ном кардаанд. Шӯрои нигаҳбон дар гузашта ҳеҷ занеро иҷозаи ширкат дар интихобот надодааст ва умдатан 6 нафарро ба ҳайси номзад ба курсии раиси ҷумҳур ба интихобот роҳ медиҳад.
Корзори интихоботӣ расман рӯзи 28-уми апрел шурӯъ мешавад ва аз Иброҳим Раисӣ, яке аз рӯҳониёни тундрави муҳофизакор ва аз атрофиёни наздики Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эронро аз рақибони аслии Ҳасан Рӯҳонӣ мешуморанд.