Руҳониёни вилояти Оқтеппаи Қазоқистон шакли маъракаҳои "танзимшуда"-ро пешниҳод карданд. Аз 13 апрели имсол дар ошхонаи масҷиди марказии шаҳри Оқтеппа маъракаҳои танзимшуда ташкил шудааст. Барои маъракаҳои динӣ рӯйхати танзимшудаи ғизоҳои миллии қазоқӣ омода карданд.
"Пеш аз тасдиқи рӯйхати ғизоҳо назари дигаронро низ гирифтем. Миёни сокинони маҳаллӣ пурсиш гузарондем. Аз 1230 пурсидашуда 85 дар садашон гуфтанд, ки аз маъракаҳои пурхарҷ норозӣ ҳастанд", - мегӯяд, намояндаи Идораи маънавии мусалмонони Қазоқистон дар вилояти Оқтеппа Толеби Оспанов.
Рӯйхати ғизоҳои тартибдодаи имомон дар тарабхона ва қаҳвахонаҳои маҳаллӣ паҳн карда мешавад. Дар ҳамин ҳол руҳониён вазифадор шудаанд, ки аз зарари маъракаҳои пурхарҷ мардумро огоҳ кунанд.
"Дар дастархоне, ки дар ошхонаи масҷиди вилоятӣ барои 100 одам тартиб дода мешавад наздики 550 доллар харҷ мегардад. Аз ин маблағ қисме барои харидани маҳсулот ва қисми дигар барои ошпазҳо сарф мешавад. Мо медонем, ки тарабхонаҳои маҳаллӣ барои хизмат расонидан ба 100 нафар маблағи аз ин бештарро талаб мекунанд", - мегӯяд узви шӯрои куҳансолони яке аз масҷидҳои Оқтеппа Бекиҷон Аханулӣ.
Руҳониён дар ҷаласае, ки масъалаи омезиш ёфтани тартибу анъанаҳои динӣ бо анъанаҳои миллӣ баррасӣ мешуд, дар бораи номгӯи ғизоҳо барои маъракаҳои динӣ хабар доданд.