Путин ҳодисаҳои Сурияро як "иғвои кимиёӣ" хонд. ВИДЕО

Владимр Путин, президенти Русия гуфт, расман таҳқиқи байналмилалии ҳодисаи шаҳри Хон Шайхуни Сурияро аз сохторҳои мисли додгоҳи байналмилалии СММ талаб мекунад. Кишварҳои ғарбӣ ҳодисаи рӯзи 4 апрел дар вилояти Идлибро як ҳамлаи кимиёвӣ унвон мекунанд ва онро кори дасти ҳукумати Башшор Асад медонанд. Вале Сурия ва Русия мегӯянд, ки дар он ҳодиса нирӯҳои ҳукуматии Сурия як коргоҳи силоҳи кимиёиро нобуд карданд.

Путин, ки бори аввал дар робита бо моҷарои атрофи ҳамлаи кимиёӣ дар суханронии рӯзи 11 апрелаш суханронӣ мекард, гуфт, ки мехоҳад ин ҳодисаҳо ба таври мунсифона аз ҷониби муфаттишони додгоҳи байналмилалии Гаага таҳқиқ шаванд. Путин зимни суханрониаш гуфт, дар робита ба ин масъала ба Оҷонсии ҳастаии Созмони миллаи муттаҳид ва созмони манъи истифода аз силоҳи кимиёи муроҷиат хоҳад кард. Ин сӯҳбати Путин дар ҳолест, ки Рекс Тилерсон, вазири умури хориҷии Амрико бо як сафар ба Русия рафтааст ва қарор аст, 12 апрел бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷӣ дар Маскав сӯҳбат кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Владимир Путин иддао дорад, ки дар Сурия "иғвои кимиёӣ" омода шудааст

Владимр Путин ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурияро як иғво хонд ва гуфт: “Мо чунин мешуморем, ки чунин ҳодисаҳо бояд расман таҳқиқ шаванд. Мо қарор кардем, ки ба намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Гаага муроҷиат кунем ва ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳқиқи одилонаи ин қазия ва баҳои мунсифона додан ба он даъват намоем”, - гуфт Путин.

Рӯзи 4 апрел бар асари ҳамлаи кимиёвӣ ба шаҳри Хон Шайхуни вилояти Идлии Сурия наздик ба 70 тан кушта шуданд, ки шумораи зиёди онҳо занон ва кӯдакон буданд. Амрико ҳукумати Башор Асадро масъули ин ҳамла донист ва чанд рӯз баъд аз ин раиси ҷумҳур Доналд Трамп фармони ҳамлаи мушакӣ ба яке аз пайгоҳҳои ҳавоии Сурияро содир кард. Русия ва Эрон, ки аз мутафиқони ҳукумати Башшор Асад ҳастанд, ин ҳамлаи мушакии Амрикоро маҳкум намуданд