Писари ҳунарпеши маъруфи шӯравӣ барои қатли модар ба зиндон рафт

Писари ҳунарпеши маъруфи синамои шӯравӣ ва русӣ Петр Завялов дар қатли модараш Александра Завялова муттаҳам ва ба мӯҳлати 8 соли зиндон маҳкум шуд. Рӯзи 10 апрел додгоҳе дар Санкт-Петербург Петр Завяловро қотили модар эълон ва ӯро ба ҳабс маҳкум кард. Завяловаи 79-сола дар моҳи феврали соли 2016 аз зарби корд кушта шудааст. Завялова баъди бозӣ дар филмҳои маъруфи шӯравӣ, аз ҷумла филмномаи хеле маъруфи “Сояҳо нисфирӯз нопадид мешаванд” (“Тени изчезают в полдень”) фавқулодда маъруф шуда буд. Охирин нақшашро дар филми соли 1992-и ширкати “Беларусфилм” бо номи “Либосҳои сафед” бозӣ кардааст.