Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев гуфт, ки дар поёни сафари дурӯзаи ӯ ба Маскав мақомоти Русияву Узбакистон созишномаҳои ҳамкориро бо арзиши 12 миллиард доллар имзо кардаанд. Ба гуфтаи Мирзиёев, тарҳҳои азими сармоягузорӣ 12 миллиард доллар ва созишномаҳои тиҷоратӣ 3.8 миллиард долларро ташкил хоҳанд дод. Дар ин бора Мирзиёев дар ҷараёни мулоқоти рӯзи 5 апрелаш бо президенти Русия Владимир Путин хабар дод. Путин гуфт, ки ду ҷониб ба тавсеаи ҳамкориҳои саноатии ду кишвар дар соҳаҳои мошинбарорӣ, авиатсияи гражданӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳо тавофуқ карданд. Ба илова, гуфт Путин, Русия аз Узбакистон 5 миллиард метри кубӣ гази табиӣ харидорӣ хоҳад кард. Вай гуфт, ширкатҳои Газпром ва ЛукОйл дар Узбакистон тарҳҳои азимро роҳандозӣ мекунанд. Сафари Мирзиёев ба Маскав барои аввалин бор баъди даргузашти Ислом Каримов ва интихоб шудани ӯ ба мақоми президенти Узбакистон сурат мегирад.