Ҳалокати 2 кӯдак аз сӯхтор дар Қубодиён

Ду ноболиғ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бар асари сӯхтор ҷон бохтаанд. Аз ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса шаби 3 ба 4 март дар манзили хонаводаи Ҳаитовҳо воқеъ дар деҳаи Қиёти ҷамоати деҳоти Носири Хусрав иттифоқ афтодааст. Тоҷиниссо Шарифова, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба нақл аз кормандони оташнишонӣ гуфт, ки ин ҳодиса соатҳои тақрибан 12 шаб рух додааст ва Субҳониддини 7-сола ва Сумайяи 5-сола дар пайи ин оташсӯзӣ ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ба дигар аъзои ин хонавода осеб нарасидааст. Масъулин сабаби оташсӯзиро расиши ноқилҳои барқ гуфтаанд. Аз ҳукумати Қубодиён гуфтанд, ки раиси ноҳия ба ҷои ҳодиса рафта ба ин хонавода изҳори ҳамдардӣ намуда кӯмак расонидааст.