Остона, Боку ва Тифлис иҷрои тарҳи Долони Хазарро баррасӣ доранд

Намояндагони Гурҷистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон дар доираи Долони ҳамлу нақли Транс-Хазар созишномаеро имзо карданд.

Ба иттилои хабаргузории Trend, 1 апрел дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон ҷаласаи Иттиҳоди намояндагони Анҷумани байналмилалии "Долони ҳамлу нақли Транс-Хазар" баргузор ва дар ҳошияи он протоколи иштирокдорон имзо шуд.

Ҷонибҳо дастурамали узвият дар Иттиҳоди намояндагони Анҷумани байналмилалии "Долони ҳамлу нақли Транс-Хазар", дастурамал ва ҳайати гуруҳҳои корӣ оид ба рушди долони ҳамлу нақл, нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2017 ва низомномаи иттиҳодро тасдиқ ва масоили дигарро баррасӣ карданд.

Масири байналмилалии ҳамлу нақли Транс-Хазар, ки як бахши онро роҳи оҳани Боку-Ахалкалакӣ-Карс ташкил медиҳад, воқеияти иқтисодию ҳамлу нақл ва дар ниҳояти амр, сиёсати хориҷиро дар ҳавзаи АвруОсиё куллан тағир медиҳад.

Ин масир тавассути Чин, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон убур карда, тариқи Туркияву Украина ба Аврупо меравад. Иҷрои тарҳ имкон медиҳад, ки интиқоли мол аз Осиё ба Аврупо се баробар зудтар сурат гирифта, ҳаҷми хароҷот низ поин биравад.