Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи 21 март бар асари боридани барфи зиёд дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Тоҷикистон тарма фаромада, роҳи иртиботиро банд кардааст. Ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ба дунбол надоштааст. Аз Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба Радии Озодӣ хабар доданд, ки ҳоло корҳо барои рафъи оқибатҳои тарма аз ҷониби ситодҳои ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят ва ноҳияи Шуғнон идома дошта ва рафтуомади мошинҳо аз як тараф шурӯъ шудааст.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта дар роҳи мошингарди минтақаи Лаби Ҷари ноҳияи Сангвор сел омада ва пули иртиботиро дар роҳи мошингард хароб кардааст. Тибқи иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар водии Рашт, имрӯз, 22 март пули иртиботӣ барқарор шуда ва имкони рафтуомади мошинҳо фароҳам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзҳои 22 ва 23 март дар ҳудуди ин кишвар боришоти шиддатнок ва хатари фаромадани тарма пешбинӣ мешавад. “Махсусан, хатари боло рафтани сатҳи оби дарёҳо, фаромадани тармаю санг дар роҳҳои кӯҳистонии масири Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ ва Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад." Аз ин лиҳоз, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват мекунад дар рӯзҳои таътили ҷашни Наврӯз аз сафар ба минтақаҳои хатарноки кӯҳистон, рафтан ба шикор ё ҳезумчинӣ худдорӣ кунанд.