Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли илм ва зиёиёни тоҷик даъват кард, ки дар амри иҷрои салоҳиятҳои касбиву ҷамъиятии худ афроди муосир ва посухгӯ ба чолишҳои замони имрӯз бошанд. Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо зиёиёну донишмандони тоҷик бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Кохи Наврӯзи пойтахт баргузор шуд ва дар он тахминан 200 намояндаи аҳли зиё иштирок карданд. Шумори меҳмонони ин нишаст назар ба солҳои гузашта ду баробар камтар буд, пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури журналистони расонаҳои мустақил баргузор шуд.
Дар суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон, ки матни он дар вебсайти президент чоп шудааст, барои нахустин бор ба кори ҷомеашиносони тоҷик ҳам таваҷҷӯҳ кард. Вай гуфт, “олимони соҳаи ҷомеашиносӣ бояд корҳои илмии худро ба самтҳои таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва огоҳ кардани аҳли ҷомеа аз таъсири хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир равона намоянд”. Раҳмон чолишҳои марбут ба амнияти ҷомеаро аз қабили масъалаҳои муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, ки Тоҷикисстон ба хотири мавқеи ҷуғрофии худ аз таъсири равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар канор буда наметавонад.
Мақомоти тоҷик солҳои охир мубориза бо ифротгароии динӣ, пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротӣ дар хориҷи кишвар, назири гурӯҳи “Далвати исломӣ” ва таҳсил дар муассисаҳои мазҳабии машкуки хориҷиро аз чолишҳои амниятӣ унвон мекунанд.