Хонаводаи содиқ ба ойинҳои зардуштӣ дар Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хонаводаи Одинашоҳ Қурбонови 86-сола дар як деҳаи кӯҳистонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ) насл ба насл ойини зардуштиро ҳифз кардааст. Одинашоҳ Қурбонов рӯзи 22 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мардуми маҳалла ба касбу ақидаи ин хонавода эҳтиром доранд.