Бонки бузурги Шветсария Credit Suisse номзад ба мақоми президентии Фаронса, аз ҳизби рости ифротии "Ҷамбаҳи Миллӣ" Марин Ле Пенро бузургтарин хатари Аврпуо унвон кард.
Дар гузорише, ки ин бонк барои сармоягузорон пешниҳод кардааст, гуфта мешавад, ки интихоби Ле Пен ба мақоми раиси ҷумҳур эътидоли Аврпуоро баҳам мезанад.
Ба гуфтаи таҳлилгарони Credit Suisse президентии Ле Пен ноустувории бозорҳои саҳҳомро таҳрик медиҳад. Пирӯзии ӯ ҳамчун сенарияи "манфӣ"-и интихобот тасвир мешавад ва сенария "мусбат" ғалабаи номзади мустақил Эммануэл Макрон пешбинӣ мешавад.
Интихоботи президентии Фаронса дар ду давр, охири моҳи апрел ва аввали моҳи май баргузор мешавад. Биноба назарпурсиҳои ахир, 26 дар сади райъдиҳандаҳо омодаанд овози худро ба Ле Пен диҳанд. Дар ҳоле, ки тарафдорони Макрон 25 дар сад гуфта мешавад. Аксари коршиносон бовар доранд, ки Марин Ле Пен дар даври дуюм райъи кофӣ намегирад.