Як шаҳрванди Русия, ки мехост бомбаи худсохтро бо худ ба ҳавопаймои парвози Истанбул интиқол диҳад, дар фурӯдгоҳи Александрияи Миср боздошт шуд. Дар ин бора Egypt Independent рӯзи 2 феврал, бо такя ба хадамоти амнияти фурудгоҳ хабар дод.
Номи ин шаҳрванди Русия ошкор нашудааст. Ба гуфтаи хабаргузории Интерфакс, мақомоти консулгарии Русия дар Александрия феълан ин хабарро таҳқиқ мекунанд.
Робитаи ҳавоӣ миёни Русия ва Миср моҳи ноябри соли 2015 қатъ шуд. Ин қарор баъди амалиёти террористӣ дар ҳавопаймои A321-и ширкати русии "Когалымавиа" гирифта шуд, ки аз Шарм-уш-Шайх ба Санкт-Петербург парвоз мекард.