Пулиси Малайзия шаҳрванди Кореяи Шимолиро, ки бо гумони куштори Ким Чен Нам боздошт шуда буд, бинобар надоштани далел, аз боздошт раҳо кард.
Ким Чен Нам, бародари модарҷудои раҳбари Кореяи Шимолӣ, рӯзи 14 феврал дар фурӯдгоҳи пойтахти Малайзия заҳролуд шуд ва баъди 20 дакқиқа, аз таъсири заҳри неруманд, ҳалок шуд. Ӯ писари бузурги раҳбари собиқи Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир буд.
Аз рӯи қазияи марги Ким Чен Нам чаҳор нафар боздошт шуд. Алайҳи ду гумонбар, шаҳрванди Ветнам ва Индонезия айб эълон шуд. Онҳо дар ростои эъдом қарор доранд.
Диломати Кореяи Шимолӣ, Ри Тонг Ил, собиқ ноиби сафири Кореяи Шимолӣ дар Созмони Милал рӯзи 1 март дар Куала Лумпур ба хабарнигорон гуфт, ки Ким Чен Нам аз бемории қалб ранҷ мебурд ва эҳтимолан аз сактаи қалб фавдидааст.
Ким Чен Нам бештари вақт дар хориҷи кишвар ба сар мебурд ва ҳукумати Пхенянро танқид мекарад. Ба гуфтаи ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ дар ҳалокати ӯ эҳтимолан хадамоти махсуси Кореяи Шимолӣ даст дорад.