Ҳукумати Молдова сафири кишвараш дар Русияро бидуни шарҳу баён бозхонд. Ҳукумати Нахуствазири Молдова Павел Филип рӯзи 1 март гуфт, ки сафир Думитру Брагиш аз Маскав бозхонда шуд, аммо дар ин робита ҷузъиёт надод. Брагиш ҳамзамон намояндаи расмии Молдова дар Тоҷикистон аст.
Авоили ҳафтаи равон раиси ҷумҳури маскавгарои Молдова Игор Додон се пешниҳоди ҳукуматро барои сафирони Молдова дар Британия, Австрия ва Беларус рад кард ва бо ин нахуствазири рӯ ба Аврупоро ба хашм овард.
Русия рӯзи 2 март аз қарори Кишинев барои бозхонди сафири ин кишвар аз Маскав изҳори ҳайрат кард.
Григорий Карасин, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки онҳо то ҳол аз мақомоти Молдова ягон санади расмӣ дарёфт накардаанд. "Ин қарор барои мо ғайриинтизор буд", - гуфт Карасин.
Русия то ҳол намедонад, ки Думитру Брагишро, ки Карасин аз ӯ ҳамчун дипломати муҳтарам ситоиш кард, дар ин мақом кӣ иваз мекунад.