Огоҳӣ дар бораи зарари сигор ҳатмӣ шуд. Нос чӣ?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон қароре ба тасвиб расид, ки намуди зоҳирии қуттиҳои сигорро бояд ба куллӣ тағйир диҳад. Бар асоси ин қарор, на камтар аз нисфи баданаи қуттиҳои сигор бояд аз навишта ва ё аксе бо таъкид ба зиёновар будани сигор иборат бошад.