Тоҷике занҳояшро канор гузошта бо писари хурдаш ба ДОИШ пайвастааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз пайвастани як ҷавони тоҷик ба шохаи гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» дар Афғонистон хабар доданд. Онҳо гуфтанд, Муҳаммад Хоҷаев – сокини 29-солаи ноҳияи Мастчоҳ – моҳи декабри соли гузашта аз Русия ба Зоҳидони Эрон ва сипас ба Афғонистон гузаштааст.