Марги мармузи Эҳсон Элчибеков дар қисми ҳарбӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти вилояти Бадахшон марги як сокини ин минтақа дар қисми ҳарбии 06870-и Вазорати дифоъ дар Душанберо тасдиқ карданд. Дар Комиссариати ҳарбии вилоят рӯзи 21 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади Эҳсон Элчибеков шаби гузашта ба дасти пайвандонаш супурда шудааст.