Гумонбари чорум дар куштори Ким Чен Нам боздошт шудааст. ВИДЕО

Ким Чен Нам

Гумонбари чорум дар куштори Ким Чен Нам, бародари раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин, дар Малайзия боздошт шудааст. Ин марди 47-солаи зодаи Куриёи Шимолӣ шаби ҷумъа ба шанбе дастгир гардид. Ким Чен Намро рӯзи 14 феврал дар фурудгоҳи Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия, заҳролуд карданд. Ба маълумоти нашрияи The Times, кушторро гурӯҳи иборат аз шаш нафар анҷом доданд. Бино ба хабари расонаҳо, Ким Чен Намро аввал хафа карданд ва сипас ба рӯяш рӯмоли олуда ба заҳри зудамалро партофтанд. Аммо маълумоти дақиқ дар бораи чигуна заҳролуд кардани Ким Чен Нам дар даст нест, чун дурбини наздик ба маҳалли ҳодиса фаъол набудааст. Дар рӯзҳои аввали баъди ин ҳодиса се нафар, аз ҷумла ду зан бо шиносномаи Ветнам ва Индонезия боздошт шуданд. Ба маълумоти матбуоти Куриёи Ҷанубӣ эҳтимол кушторро хадамоти махсуси Куриёи Шимолӣ ташкил кардааст. Ким Чен Нам писари бузурги раҳбари собиқи Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ир, солҳои ахир умдатан дар хориҷ ба сар мебурд ва Пхенянро танқид мекард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гумонбари чорум дар куштори Ким Чен Нам боздошт шудааст