Як пизишки яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз нафари муттаҳам ном набурда, танҳо гуфтааст, ки “ин мард 37 сол дорад”. “Гумонбар рӯзи 16 феврал аз бемор, зани 23-солаи сокини Душанбе, барои ҷарроҳӣ кардан 5 ҳазору 600 сомонӣ, муодили тақрибан 800 доллар, пора талаб кардааст”, - таъкид карданд дар вазорат. Мақомот гуфтанд, ин мард ҳангоми гирифтани пул дар назди бинои “Душанбе-Плаза” дар маркази пойтахт дастгир шуда, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Ҷузъиёти дигари қазия рӯшан нест. Дар солҳои гузашта чанде аз пизишкони тоҷик ба гумони талаби ришва аз корафтодаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ дар гузашта ниҳодҳои тандурустиро дар баробари мақомоти маориф ва пулис дар қатори “фасодзадаҳо” ҷой додааст.