Тоҷикистон қасд дорад, ки дарсҳои забони русиро бештар кунад

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки қасди афзоиши дарси забони русӣ дар мактабҳои кишварро доранд. Ирина Каримова, муовини президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ният доранд, соатҳои омӯзиши забони англисиро низ дар мактабҳои миёна бештар кунанд.

Аммо ӯ гуфтаст, ин масъала ҳанӯз дар дасти баррасист ва кумисюни вижа мушаххас хоҳад кард, ки аз кадом ҳисоб ин дарсҳо афзоиш доад шаванд. Вай гуфтааст, ин тасмим ба дунболи даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат мегиард, ки хостори ҳарчӣ бештари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, шудааст.

Забони русӣ дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҳам як ҷузъаш буд, забони давлатии ин қаламрав ҳисоб мешуд. Баъдан забони русӣ мақоми давлатияшро дар Тоҷикистон аз даст дод, аммо бар асоси Қонуни асосии кишвар ҳамчун забони муоширати баёни миллатҳо боқӣ мондааст.