Дар шаҳри Мюнхени Олмон бори 53-юм ҳамоиши байнулмилалии амниятӣ баргузор мешавад. Дар он сарони 30 кишвар ва зиёда аз 80 вазири дифоъ ва умури хориҷӣ ширкат меварзанд. Ҳамоиш то 19 феврал идома мекунад.
Терроризми байнулмилалӣ, вазъи амниятии Аврупо, ҷанг дар Сурия ва низоъ дар шарқи Украина аз масъалаҳои меҳварии ин ҳамоиш хоҳанд буд.
Ҳамоиши байнулмилалии амниятии Мюнхен яке аз муҳимтарин ҷамъомадҳои ғайрирасмии баррасии масъалаҳои сиёсати ҷаҳонӣ дониста мешавад. Дар он зиёда аз 500 ходими баландпояи давлатӣ ва коршиносони шинохта аз саросари ҷаҳон ширкат мекунанд.