Аъзои бонуфузи порлумони Амрико бори дигар робитаҳои байни Русия ва ёварони президент Доналда Трампро зери суол бурданд ва сафи онҳое, ки ба масъала таваҷҷӯҳ мекунанд, аз ҳисоби ҳамҳизбиёни Трамп бештар мешавад.
Сарони ҷумҳурихоҳ ва демократи Кумитаи ҳуқуқии Сенати Амрико аз додситони кулли ин кишвар Ҷефф Сешонс ва мудири Дафтари федероли пажӯҳиш (FBI) Ҷеймс Комӣ хостанд, асноди марбут ба истеъфои Майкл Флинн, ёвари пешини президент Трамп дар умури амнияти миллиро пешниҳод кунанд. Флинн баъд аз ифшо шудани он, ки ҳанӯз пеш аз оғози расмии кораш таҳримҳои ИМА-ро бо сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк баррасӣ кардааст, аз вазифа рафт.
Раиси Кумитаи умури хориҷии Сенат Боб Коркер, ки тарафдори Трамп буд, низ ба сафи талабгорони ишфои санадҳо пайваст. Вай изҳор дошт, ки мушкили Русия ба дастури кори Трамп дар умури беруна ва дохилӣ, тандурустӣ ва андоз таъсир хоҳад дошт. Крокер кори ояндаи босуботи ҳукумати навро зери шубҳа гузошт ва гуфт, ки Флинн бояд дар назди Конгресс ҳисобот диҳад.
Сенатор Линдсӣ Грэм, ки дар давраи пешбарии ҳизбӣ ба мақоми президент рақиби Трамп буд, ба ташкили ҳайати махсус бо ширкати ҳарду ҳизби Конгресс барои тафтиши густардаи қазия даъват намуд.
Раиси Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Сенат Ҷон Маккейн пажӯҳиши мустақилро аз эҳтимол дур надонист, вале афзуд, ки вай ва қонунгузорони дигар аввал “бояд маълумоти зиёди бунёдиро” пеш аз ҳама дар мавриди гуфтугӯҳои Флинн ва тамосҳои эҳтимолии афроди Трамп бо ашхоси расмии Русия омӯзанд