"Рӯзи Бидуни Муҳоҷирон" дар саросари Амрико

ИМА - - Эътирозгарон бо шиори "Марҳабо муҳоҷирон"

Муҳоҷирон дар саросари Амрико рӯзи 16 феврал ба кору мактаб намебароянд ва дар хона мемонанд, то исбот кунанд, ки будани онҳо барои иқтисоди Иёлоти Муттаҳида ва шеваи зиндагӣ дар он чӣ қадар муҳим аст. Аксияи "Рӯзи Бидуни Муҳоҷирон" дар шаҳрҳои Вашингтон, Филаделфия, Бостон, Ҳюстон, Чикаго ва Ню-Йорк барномарезӣ шудаанд.

Маълумот дар бораи эътироз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз даҳон ба даҳон пахш гардид. Ибтикори "Рӯзи Бидуни Муҳоҷирон" дар посух ба Доналд Трамп анҷом мешавад, ки маъмурияташ мехоҳад, депортатсияи муҳоҷирони ғайриқонуниро аз қаламрави Амрико афзоиш диҳад. Дастандаркорони "Рӯзи Бидуни Муҳоҷирон" аз онҳое, ки дар хориҷ таваллуд шудаанд, сарфи назар аз мақомашон, мехоҳад, ки имрӯз кору харид накунанд ва ҷойгоҳи худро дар иқтисоди Амрико нишон диҳанд.

Президент Трамп бунёди деворро дар байни ИМА ва Мексика ваъда додааст ва сатҳи баланди бекорӣ дар кишварро ба муҳоҷират пайванд медиҳад. Ҳамчун раиси ҷумҳур Трамп ба манъи сафари шаҳрвандони 7 кишвари умдатан мусалмонӣ ба ИМА даъват кард. Дастандаркорони маъракаи "Рӯзи Бидуни Муҳоҷирон" интизор доранд, ки ҳазорон нафар дар он иштирок кунанд.