Раҳбари Пентагон НАТО-ро такягоҳи сохтори амнияти ИМА номид

Белгия - Вазири дифои ИМА Ҷейм Маттис қабл аз оғози нишасти НАТО дар Брюссел бо хабарнигорон сӯҳбат кард. 15 феврали соли 2017.

"Паймони Атлантики Шимолӣ такягоҳи сохтори амнияти ИМА боқӣ мемонад"- гуфт Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико.

Маттис, ки рӯзи 15 феврал, қабл аз оғози ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви НАТО дар Брюссел бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ки президент Трамп пуштибонии худро аз НАТО ба таври возеҳ баён дошт. Ҷейм Маттис бори аввал, аз замони савганд ёд карданаш дар мақоми вазири дифои ИМА, дар ҷаласаи НАТО иштирок мекунад.

Дар нишасти дурӯза масъалаи афзоиши харҷҳои дифоии паймон ва мубориза бо терроризм баррасӣ мешавад. Қабл аз оғози ҷаласа Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки мулоқот "аҳамияти бепоёни робитаҳои фароатлантикиро" тасдиқ мекунад.

Президенти Амрико Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботияш барномаи коҳиши харҷи Амрико дар НАТО-ро матраҳ карда буд. Ӯ гуфта буд, ки кишварҳои узв харҷҳои худро дар паймон, дар сатҳи 2 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нигаҳ медоранд.