Ду таркиши ҷудогона дар шимолу ғарби Покистон дасти кам 7 нафар, аз ҷумла ду корманди пулисро кушта ба ҷо гузошт.
Дар ин ҳамла, ки ҳадафи он зоҳиран тарконидани бинои ҳукумати маҳаллӣ буд, чаҳор тани дигар низ ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомоти маҳалӣ мегӯянд, 15 феврал ду маргталаб талош карданд, ки ба бинои ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи қабиланишини Моҳманд ворид шаванд. Вале вақте онҳоро дар назди даромадгоҳ боздоштанд, якеашон худро тарконида, дувумӣ дар натиҷаи задухурд бо нерӯҳои амниятӣ ҷон дод.
Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи "Ҷамоат ал-Аҳрор", ҷиноҳи Толибони Покистон бар дӯш гирифт.
Ибтидои ҳафтаи равон низ дар натиҷаи таркиши як маргталаб дар Лоҳур, шарқи Покистон, 13 одам ҷон дода, масъулияти онро гуруҳи "Ҷамоат ал-Аҳрор", як шохаи ҳаракати Толибон ба зимма гирифт.
Ин гурӯҳ дар ноҳияи Моҳманд, яке аз минтақаҳои ноороми Покистон дар марз бо Афғонистон фаъол аст, ки паногоҳи ҷангиёни хориҷию дохилии марбут ба ал-Қоида низ шумурда мешавад.