Мақомоти артиши Ҳинд мегӯянд, дар натиҷаи даргирӣ бо тундгароён дар Кашмири таҳти контроли ин кишвар ду сарбози ҳиндӣ ва чаҳор тундрав кушта шудаанд.
Ба гуфтаи пулис, баъди муҳосираи як рустое дар Кашмир, ки тундравон онҷо паноҳ бурда буданд, даргирӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Сухангӯи пулиси шаҳри Сринагар гуфт, “ чаҳор террорист кушта шуд ва чаҳор аслиҳа аз маҳалли даргирӣ пайдо карданд.” Дар ҷараёни даргирӣ се сарбози дигари Ҳинд ҷароҳат бардоштаанд. Сокинони русто мегӯянд, ки нерӯҳои давлатӣ хонаеро, ки тундравон паноҳ бурда буданд, таркониданд.
Баъди хотимаи ҳукмронии Бритониё дар Ҳинд дар соли 1947 вилояти Кашмир байни Ҳинду Покистон тақсим шуд ва ду тараф барои ин қаламрав ду маротиба ҷангидаанд. Ҷудоиталабони Кашмир аз соли 1989 ба зидди ҳукумати Ҳинд ҷангро шурӯъ карданд ва аз он замон то кунун дар даргириву муноқишаҳо 65 ҳазор нафар кушта шудаанд.