Пулдортарин вакили Думаи Русия мехоҳад муфлис шумурда шавад

Андрей Палкин.

Вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби президентии "Русияи воҳид", Андрей Палкин, ки аз рӯи даромад дар байни вакилон ҷойи аввалро мегирад, аз додгоҳ хост, ӯро варшикаста эълон кунад, то пардохти андозҳояш мавқуф гузошта шавад.

Палкин мегӯяд, ба маҳзи дарёфти мандати вакилӣ мебоист фаъолияти соҳибкориро қатъ мекард ва биноан ширкатҳои худро ба писараш фурӯхт. Писараш бояд пулро қисм ба қисм супорад ва дар натиҷа Палкин наметавонад андоз аз фурӯши моликиятро пардохт кунад. Ба гуфтаи худаш, вай аз давлат 62 миллион рубл қарздор шудааст. Ягона роҳи ба таъхир гузоштани пардохти ин қарз расман варшикаста эълон шудани Палкин аст.

Расонаҳои Русия Палкинро "пулдортарин" вакили Думаи давлатӣ номидаанд. Дар соли 2015 вай даромади худро дар санадҳо 1,5 миллиард рубл нишон додааст.