"Тоҷиксуғурта": Тоҷикэйр аз пардохти бима сарпечӣ мекунад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Масъулони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” мегӯянд, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикэйр” аз бастани шартнома сарпечӣ мекунад ва маблағи суғуртаи ҳатмиро намепардозад. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони ширкати “Тоҷикэйр” мегӯянд, ки фаъолияти “Тоҷиксуғурта” ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ нест.