Доналд Трамп аз НАТО ҳимоят кард

Дар паёме бо ҷонибдорӣ аз НАТО Доналд Трамп, президенти ИМА, гуфт, кишварҳои дигари узв низ дар фаолияти эътилоф бояд бештар саҳм гузоранд. Трамп ҳини суханронияш дар пойгоҳи низомии ҳавоӣ дар Флорида созмони ваҳшатафкани "Давлати исломӣ"-ро ба қатли ом айбдор карда, ваъда дод, ки муборизаро бо тундравон пурзӯр мекунад. Ба гуфтаи вай, хатари терроризм дар саросари ҷаҳон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Трамп ҳангоми суҳбат дар бораи манъи вуруди шаҳрвандони як қатор кишварҳои мусулмоннишин ба ИМА гуфт, омодааст, ба Иёлоти Муттаҳида танҳо шахсонеро роҳ диҳад, ки ба арзишҳоим амрикоӣ арҷ мегузоранд.

Президенти нави ИМА 27 январи соли равон зери фармоне имзо гузошт, ки вуруди мусофиронро аз Эрон, Ироқ, Либия, Сомалӣ, Судон ва Яман тайи 90 рӯз ва қабули паноҳҷӯёнро 120 рӯз ва фирориёни Сурияро барои муҳлати номаълум манъ мекард. Вале додраси федеролӣ дар иёлати Сиэт иҷрои онро боздошт.