Бонки миллии Тоҷикистон барои аввалин бор қарзи шабонарӯзӣ ё овернайтро ҷорӣ кард. Ин ниҳоди молӣ зарурати ҷорӣ кардани сиёсати нави пулию қарзиро “ба вусъатдиҳии бозори пулӣ, дастгирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллӣ” марбут хондааст.
Раҳматшо Сайисмонов, муовини раиси Анҷумани бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 3 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин кишвар истифода аз ин амалиёти бонкӣ пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи Сайисмонов, муддати қарзи овернайт 24 соат буда, ин амалиёти бонкӣ миёни бонкҳо роиҷ аст ва ба шаҳрвандону мизоҷони бонкҳо дода намешавад. Яъне, бонкҳое, ки байни худ шартнома дошта ва додугирифт мекунанд, аз ин усул истифода мекунанд.
Вай гуфт: “Овернайт нисбат ба қарзҳои дигар фоизи хеле баланд дорад. Масалан, як бонки тиҷоратӣ соати 1-и рӯз амалиёти муҳими бонкиро иҷро карданӣ асту аммо маблағ дар ихтиёр надорад. Ба бонки дигар барои дарёфти маблағ муроҷиат мекунад, миқдори фоизро бо ҳам маслиҳат мекунанд. Ин навъи амалиёти бонкӣ дар кишварҳои пешрафтаи Аврупою Амрико ва Осиё, ки биржаи фаъол доранд, роиҷ аст”.
Манобеи Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ пешниҳоди қарзҳои шабонарӯзӣ ё овернайт ба бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои дигари қарзӣ имконият медиҳад, мушкили пешомада дар ростои ҳисбобаробаркунии оҷили пардохтҳо саривақт ҳал шуда ва ҳамзамон, меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ ба танзим дароварда шавад.