Сарбози Фаронса марди мусаллаҳ бо кордро дар назди Лувр захмӣ кард

Фаронса- сарбозе дар нигаҳбонии музеи Лувр, баъди он ки аксар ба сӯи як мард тир кушод. 3 феврали соли 2017.

Мақомоти пулиси Порис гуфтанд, як сарбози Фаронса мардеро захмӣ кардааст, ки бо корд мусаллаҳ буда ва бо нидои "Аллоҳу акбар" мехост вориди осорхонаи Лувр шавад. Мишел Кадо, раиси пулиси пойтахти Фаронса гуфт, сарбоз панҷ тир холӣ карда ва гумонбари эҳтимолӣ ҷиддан захмӣ шудааст.

Вай гуфт, дар ин ҳодисаи рӯзи 3 феврал худи сарбоз ҷароҳати сабук бардоштааст. Ба қавли Кадо, аз гумонбари эҳтимолӣ ду борхалта ҳам гирифта шуд, вале дар дохилаш ягон маводи мунфаҷира набуд. Бовар меравад, ин мард танҳо амал мекард, вале нафари дувум баъди "рафтори шубҳаовар" боздошт шудааст. Расонаҳо гуфтанд, ин мард мехост бо ҷомадон ба фурӯшгоҳи зеризаминӣ дарояд.

Вазорати умури дохилии Фаронса дар Твиттер ин ҳодисаро "ҷиддӣ" унвон кардааст. Сухангӯи осорхонаи Лувр гуфт, ҳоло музей бастааст, вале гузоришҳо дар бораи “холӣ кардани биноро” тасдиқ накард.

Осорхона Лувр дар маркази Порис аз маҳалҳои бузурги гардишгарон дар Фаронса ба шумор меравад. Дар ду соли ахир, Фаронса шоҳиди чанд ҳамлаи террористӣ буд, ки масъулияти онҳоро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт ё ин гурӯҳ дар содир кардани ҳамин амалҳо муттаҳам гардид.