Трамп сӯҳбат бо нахуствазири Австралияро "бадтарин" номид

ИМА. Президент Трамп бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом медиҳад. Кохи Сафед, 28 январи соли 2017

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп сӯҳбати телефонӣ бо нахуствазири Австралия Малколм Тернбуллро "бадтарин" гуфтугӯе номид, ки ӯ бо сарони кишварҳо анҷом додааст. Дар ин бора нашрияи The Washington Post хабар медиҳад. Сӯҳбат бояд як соат давом мекард, аммо Трамп онро дар 25 дақиқа ба итмом расонд. Ба навиштаи нашрия, президент аз он хашмгин шуд, ки нахуствазир аз масъулияти Амрико дар баробари қабули муҳоҷирони Австралия ёдовар шудааст.

Баъдтар Трамр дар Твиттер навишт, ки "Боваратон меояд? Маъмурияти Обама розӣ шудааст, ҳазорҳо муҳоҷири ғайриқонунии Австалияро қабул кунад. Барои чӣ? Ман ин созиши малъунро меомӯзам!"

Нахуствазири Австралия дар навбати худ гуфтугӯро "ошкор" арзёбӣ кард.

Рӯзи 27 январ президент Трамп қароре имзо кард, ки вуруди шаҳрвандони Эрон, Ироқ, Сомалӣ, Судон, Сурия, Либия ва Яманро ба қаламрави Амрико то 90 рӯз манъ мекунад. Бар пояи ин қарор, қабули паноҳандагон то 120 рӯз ва вуруди шаҳрвандони Сурия ба ИМА то вақти номуайян манъ шудааст.