Ҷудоихоҳони тарафдори Русия ҳамоно Авдеевкаро оташборон мекунанд

Украина. Хонаи харобшуда дар ноҳияи Авдиевка. 1 феврали соли 2017.

Бо вуҷуди ризоияти тарафҳо ба оташбас ва ақибнишинии нерӯҳо, ки 1 феврал дар Минск ба даст омад, Киев мегӯяд, ҷудоихоҳон рустои Авдеевкаро дар шарқи Украина аз дастгоҳҳои "Град", тӯпхонаи вазнин ва тонкҳо оташборон мекунанд.

Дар шабонарӯзи гузашта, бино бар хабари низомиёни украин, 67 ҳамла ба амал омада, ду низомӣ кушта ва 14 тан захмӣ гаштаанд. Даргирӣ миёни нерӯҳои Украина ва ҷудоихоҳон рӯзи 29 январ дар наздикии минтақаи саноатии Авдеевка оғоз ёфт, ки зери назорати украиниҳо буд. Аз ҳарду ҷониб чандин нафар кушта ва захмӣ шуда, аҳолии осоишта низ осеб дидааст. Ду тараф ҳамдигарро ба шуруи дубораи даргириҳо айбдор мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Авдеевка, ки 22 ҳазор сокин дорад, бар асари оташборон шабакаи гармидиҳӣ аз кор монда, мардум об ва барқ надоранд. Ин дар ҳолест, ки ҳаво шадидан сард аст. Президенти Украина Петр Порошенко дар ин ноҳия вазъи изтирорӣ эълон карда, нақша дорад, аҳолии осоиштаро аз он кӯчонад. То субҳи чаҳоршанбе 149 нафар, ки нимашон кӯдаконанд, аз маҳалли даргириҳо бароварда шуданд.

Шӯрои амнияти СММ рӯзи панҷшанбе вазъи Донбассро баррасӣ хоҳад кард. Як рӯз пеш он тарафҳоро ба оташбаси фаврӣ даъват намуд.