1164 сомонӣ - нархи парвоз аз Душанбе ба Тошканд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷониби Тоҷикистон фурӯши билети парвоз аз Душанбе ба Тошканд, пойтахти Узбакистонро расман оғоз кард. Масъулони ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон рӯзи 1 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир нархи як билет 1164 сомонӣ, муодили тақрибан 150 доллари амрикоист.