Теҳрон хабарҳоеро рад, ки озмоиши мушаки баллистикиаш Қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро нақз кардааст. Ин Қатънома санҷиши мушакҳои дорои тавони ҳастаиро барои Эрон мамнуъ карда буд.
Вазири умури хориҷии Эрон Ҷавод Зариф рӯзи 31 январ гуфт, ки Қатънома озмоишҳои мушакҳои "умумӣ" -ро манъ накардааст.
Рӯзи 30 январ маъмурияти президент Трамп гуфт, ки аз озмоиши ахири Тэҳрон хабар дорад ва онҳро ҷиддан пайгирӣ мекунад.Ҳамон рӯз ИМА аз Шӯрои Амният хост, ки ин масъаларо баррасӣ кунад.
Намояндаи доимии Амрико дар СММ, Никки Ҳейли баъди анҷоми ҷаласаи ҷаласаи пӯшидаи Шӯрои Амният гуфт, "мо таъид кардем, ки Эрон рӯзи 29 январ, воқеан ҳам мушаки миёнапарвозро аз озмоиш гузаронд. Ин комилан ғайриқобили қабул аст".
Ӯ гуфт, ки ин мушак қодир ба ҳамли 500 кило буда тӯли ҳаракаташ ба 300 километр мерасад. "Ин мушак барои ҳамли силоҳи ҳастаӣ кофӣ аст"- гуфт Никки Ҳейли.