Э.Раҳмон бо П.Салини масъалаи Роғунро баррасӣ кард

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 январ дар Душанбе бо роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини масъалаҳои марбут ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо Тоҷикистон бо ин ширкати итолиёвӣ дар бунёду барқарорсозии тарҳҳои энержӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Пиетро Салини оид ба сифати корҳо дар ин тарҳи муҳими энержӣ барои Тоҷикистон ва раванди маблағгузорӣ, сӯҳбат кардаанд. Ба иттилои манбаъ, масоили молӣ ва сармоягузорӣ ва ҳамин тавр иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавӣ, аз омилҳои асосии пешравии кор дар сохтмони сарбанди ин нерӯгоҳ гуфта шудаааст.

"Изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби Ширкати «Салини Импреҷило» ҳамчун ширкати боэътимод ва пешрафтаи байналмилалӣ, ки дар сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун иштирок менамояд, барои иҷрои корҳои лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, камбудию мушкилоти ҷойдошта дар ин самт саривақт бартараф карда мешавад",- омадааст дар хабарномаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.

Ширкати итолиёии "Salini Impregilo" қаблан дар музоядаи бунёди нерӯгоҳи Роғун пирӯз шуда буд ва сохтмони ин тарҳро, ки дар сурати анҷом ёфтанаш Тоҷикистонро ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил медиҳад, бар дӯш гирифт. Ҳукумати Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки "маргу зиндагӣ" барои кишвар медонад, ба ширкати итолиёии ​"Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) бовар кард ва рӯзи 1 июли соли 2016 Созишномаро дар Душанбе ба имзо расонд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар баробар будааст.