Украина мегӯяд, ки дар яке аз шадидтарин ҷангҳои ҳафтаҳои ахир дар шарқи ин кишвар 5 сарбозаш кушта ва 9 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҷангҳо дар минтақаи Донетск, ғарби Луҳанск ва шимоли шаҳри таҳти назорати ҳукумати Мариупол миёни нирӯҳои ҳукумат ва шӯришиёни рӯ ба Маскав рӯзи 29 январ шиддат гирифт. Ҳукумат инчунин ҷудоиталабонро барои истифода аз норинҷакандози “Град” муттаҳам кард.
Дар миёни қурбониҳои рӯзи 29 январ чор низомӣ ҳам ёд мешавад, ки дар ҷангҳои шимоли Донетск кушта шуданд. Дар навбати худ шӯришиён мегӯянд, ки аз миёни онҳо як ҷангӣ ва як мулкӣ кушта шудааст. Дар ҷангҳои миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони украинӣ аз апрели соли 2014 - 9750 мулкӣ ва ҳам афроди низомиву силоҳбадаст кушта шуданад. Рӯёрӯиҳои ахир дар пешорӯи музокироти президент Петро Порошенко ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел рух дод, ки қарор аст дар Берлин рӯзи 30 январ гуфтугӯ кунанд. Дар ин музокирот мавзӯи талошҳои истиқрори сулҳ дар Украина ва наздикшавии Киев ва Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ мешавад.