Сабти телефонҳои мобил дар Қазоқистон ҳатмӣ мешавад

Қонуни нави Қазоқистон талаб мекунад, ки тамоми телефонҳои ҳамроҳ бояд дар махзани ҳукуматии ҷамъоврии иттилоъ сабти ном шаванд, мегӯянд ширкатҳои мобили ин кишвар.

Ба назар мерасад, ки ин талабот ба хотири мубориза бо терроризм ҷорӣ мешавад.

Ду ширкати умдаи мобили Қазоқистон, Ksell ва Beeline рӯзи 25 январ гуфтанд, ки сар аз 1 июл телефонҳое, ки сабти ном нашудаанд, масдуд мешаванд.

Ин ширкатҳо мегӯянд, талаботи нав аз қонуни мубориза бо тундгароӣ ва терроризм бармеояд, ки 22 декабр ба тасвиб расид.

Тоҷикистон, ҳамсояи Қазоқистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, қонуни сабти телефонҳои ҳамроҳро моҳи ноябр қабул кард. Душанбе ҳадафи сабти номи телефонҳро "густариши мубориза бо ҷинояткорӣ" унвон кард.