Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар соли гузашта 64 нафар дар маҳбасҳои Тоҷикистон фавтидаанд. Рустам Шоҳмуродзода, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 25 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки аз ин теъдод 16 нафар бар асари бемории сил, 44 тан аз бемориҳои дохилӣ ва 4 нафари дигар аз ҳодисаҳои нохуш ҷон бохтаанд. Вай афзуд, ки дар соли ҷорӣ ҳеҷ ҳодисаи худкушӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон сабт нашудааст.
Вазири адлияи Тоҷикистон ҳамзамон хабарҳо дар мавриди таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ дар маҳбасҳоро радд карда ва гуфт, ки зиндонҳо пурра аз тариқи дурбинҳо ва аз тариқи маъмурон зери назорат аст ва чунин шоеаҳо асосе надоранд. То замони афви соли 2016 дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Марги 64 маҳбус дар зиндонҳои Тоҷикистон дар соли 2016