Тифли рабудашударо баъди 18 сол пайдо карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Охири ҳафтаи гузашта мақомоти аёлати Флоридаи ИМА дар шаҳри Ҷексонвил нишасти матбуотӣ доир намуда, хабар доданд, ки Глория Вилямс ном зани 51-сола-сокини аёлати Каролинаи ҷанубиро бо иттиҳоми одамрабоӣ боздошт намуданд. Ба ақидаи мақомот ӯ 18 сол пеш тифлеро дар рӯзи таваллуд аз модар ҷудо кард.