Пулиси Белгия дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Бюрюссел, пойтахти ин кишвар, се танро боздошт кардааст. Мақомот гуфтанд, дастгиршудаҳо дар ҳоли ҳозир таҳти бозпурсӣ ҳастанд. Ин амалиёт дар маҳаллаи Мулинбек анҷом шудааст, ки дар пайи ҳамлаҳои террористии ду соли охир дар Аврупо таҳти назорати маъмурони мубориза бо терроризм қарор дорад. Маҳаллаи Мулинбек маркази ҷойгиршавии теъдоде аз одамонест, ки дар ҳамлаҳо ва таркишҳои Порису Брюссел даст доштанд. Расонаҳо ба нақл аз додситони Брюссел гуфтанд, аммо дар ҷараёни амалиёт силоҳ ё маводи тарканда пайдо нашудааст.