Китоби Ислом Каримов серхаридортарин асари сол

Ислом Каримов

Дар намоишгоҳи фурӯши "Ҷаҳони китоб"-и Тошканд раддабандии серхаридортарин асарҳои соли 2016 баргузор шуд.

Дар бахши "Адабиёти иҷтимоию сиёсӣ" китоби "Юксак маънавият – енгилмас куч"-и Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбекистон мақоми аввалро касб кардааст.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ҳамчунин се китоби дигари Каримов дар бахши мазкур ба панҷгонаи беҳтарин китобҳои сол ворид шуд. Миёни адабиёти маънавию омӯзишӣ китобҳои "Меҳмон туйғулар"-у "Одамийлик мулки"-и Тоҳир Малик ва "Руҳий тарбия"-и шайх Муҳаммад Содиқ Юсуф серхаридор унвон шуданд.

Дар бахши "бадеӣ" хонандаҳои узбек асарҳои Уткир Ҳошимов, Марсел Брион ва Чингиз Айтматовро беҳтарин дониста, китобҳои Худойбердӣ Тухтабоев, Ҷонатан Свифт ва Ғафур Ғулом миёни ҷавонон машҳур будаанд.