Туркия марзашро аз террористҳо бо девор ҳимоя мекунад

Туркия дар марз бо Сурия девор месозад ва барнома дорад, ки то моҳи апрели имсол сохтмонро ба охир расонад. То ан.оми сохтмон 28 километри дигар боқӣ мондааст. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд.

Ба ҷуз ин, вазорати мудофиа ва молияи Туркия дар ҳоли ҳозир лоиҳаи сохтмони деворро дар марз бо Арманистон низ баррасӣ мекунад.

Ба навиштаи расонаҳо, деворе, ки дар марз бо Арманистон дар назар аст, се метр баландӣ хоҳад дошт. Ин деворҳо, ба гуфтаи мақомоти Туркия, кишварро аз вуруди террористон ва молҳои қочоқӣ ҳифз мекунанд.