Узбакистон лағви раводидро ба таъхир гузошт

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо нашри як фармон санаи бекор кардани раводидро барои шаҳрвандони 27 кишвар, ки қарор буд, 1 апрели соли 2017 ба иҷро дарояд, то 1 январи соли 2021 ба таъхир гузоштааст. Ибтидои моҳи декабри соли гузашта Мирзиеёв қароре қабул кард, ки бар асоси он сайёҳони 27 кишвари дунё метавонистанд, бе раводид то 30 рӯз дар Узбакистон бимонанд. Мирзиёев ба вазоратҳо ва идораҳои дахлдор супориш дода буд, то барои амалӣ кардани қарори мазкур омодагӣ бинанд.

Қарори ба таъхир гузоштани лағви раводид бо ҳадафи "рушди устувори фаъолияти сайёҳӣ ва таъсиси пойгоҳи зарурии моддиву техникӣ, таъмини амнияти сайёҳон ва сиҳатии шаҳрвандони хориҷӣ", инчунин, "рушди баробари ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ" унвон шудааст.

Дар матни қарори президенти Узбакистон омадааст, ки тасмими ба таъхир гузоштани равуои бидуни визаро мақомоти дахлдор гирифтаанд.